Июл 13, 2017 12:36 Asia/Dushanbe
  • Санаи гусели нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикистонӣ ба ҳаҷ эълом шуд

Раиси Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон аз гусели нахустин гурӯҳ аз зоирони ин кишвар ба ҳаҷ дар шонздаҳуми август хабар дод.

Ба гузориши сайти “СА - нюз”, Сулаймон Давлатзода дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки дар мавсими ҳаҷҷи имсол беш аз 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар роҳии Сарзамини Ваҳй хоҳанд шуд.

 Раиси Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон ҳазинаи сафари ҳар шаҳрванди ин кишвар ба ҳаҷҷи имсолро 32 ҳазору 671 сомонӣ, муодили 3 ҳазору 712 доллар эълом кардааст, ки ба далели коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ миқдоре афзоиш ёфтааст.

Ҳазинаи маросими ҳаҷҷи порсол барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 28 ҳазору 649 сомонӣ эълом шуда буд. Ҳазинаи сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон, интиқоли зоирони тоҷик ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара бо ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” ва ширкатҳои ҳавопаймои Арабистон анҷом мешавад.

 

Барчасп