Афзоиши ду баробарии мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон ва Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19998-Афзоиши_ду_баробарии_мубодилоти_бозаргонии_Тоҷикистон_ва_Узбакистон
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, арзиши мубодилоти бозаргонии ин кишвар ва Узбакистон аз авоили соли 2017 бо ду баробар афзоиш, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл ба беш аз 46 миллион доллар расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2017 11:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду баробарии мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон ва Узбакистон

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, арзиши мубодилоти бозаргонии ин кишвар ва Узбакистон аз авоили соли 2017 бо ду баробар афзоиш, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл ба беш аз 46 миллион доллар расидааст.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс,  Шариф Саид, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон афзуд, аз январ то майи имсол Узбакистон ба Тоҷикистон колоҳои монанди гандум, нуриҳои минералӣ, фанновариҳо ва таҷҳизоти кишоварзиро ба арзиши 25 миллиону 681 ҳазор доллар содир кардааст.

Шариф Саид гуфт, Тоҷикистон низ ба Узбакистон колоҳо ва фаровардаҳои кишоварзӣ ба арзиш 20 миллиону 617 ҳазор доллар содир кардааст.

Муносиботи Тошканд ва Душанбе бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон, ки тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсояро аввлавияти сиёсати хориҷии кишвари худ эълом карда, рӯ ба гармӣ гузоштааст.