Июл 15, 2017 10:14 Asia/Dushanbe
  • Боздиди нахуствазири Тоҷикистон аз манотиқи селзадаи Дарвоз

Нахуствазири Тоҷикистон дар боздид аз деҳаи селзадаи Хустови ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон таъкид кард, ки расондани кӯмакҳои аввалия ба осебдидагони ин ҳодисаи табиӣ аз авлавиятҳои фаъолияти ҳукумати кишвар аст.

Ба гузориши сайти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода гуфт, сокинони 22 манзили маскунии тахрибшуда ба маконҳои амн мунтақил шуда ва барои сохти хонаҳои нав ба ин афрод замин низ вогузор мешавад.

Нахуствазири Тоҷикистон аз масъулини вилояти Бадахшон хостааст, ки кори сохтмони манзилҳои маскунӣ барои сокинони осебдидаи деҳаи Хустовро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд то ин афрод қабл аз оғози фасли сармо ба хонаҳояшон баргарданд.

 Дар пайи бориши борон ва ҷорӣ шудани сели шадид дар қаламрави Афғонистон ва боло омадани оби рӯди марзии Панҷ ахиран 22 манзили маскунӣ дар деҳаи Хустови ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зери об рафта ва ба роҳи Душанбе – Хоруғ низ хисороте ворид шудааст.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин зудтар боз кардани масири Душанбе ба Хоруғро хостор шуд, ки дар пайи сели ахир бахшҳое аз ин роҳ тахриб ва сабаби баста шудани ин роҳи муҳими иртиботӣ миёни марказ ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон шудааст.

Аз сӯйи дигар, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз интиқоли аъзои 40 хонавода аз сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар водии Рашт, ки бо хатари резиши кӯҳ рӯбарӯ будаанд, ба маконҳои амн хабар додааст.

Бар асоси омори ин кумита, бар асари ҳаводиси мухталифи табиӣ аз оғози соли ҷорӣ дар ин кишвар 27 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва ба манзилҳои маскунӣ ва таъсисоти зербиноии ин ҷумҳурӣ зиёнҳои фаровони молӣ ворид шудааст.