Июл 18, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Санҷиши техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар Узбакистон

Ширкати ҳавопаймоии миллии Узбакистон аз санҷиши техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон дар корхонаҳои худ хабар дод.

Ба нақл аз сайти Ширкати ҳавопаймоии миллии Узбакистон, аз соли 2016 токунун 3 фарванд ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон дар корхонаҳои вобаста ба ин ширкати узбакистонӣ мавриди санҷиши техникӣ ва таъмир қарор гирифтааст, ки тарафҳо ҳам аз кайфияти кор розӣ ҳастанд .

Шавкат Носирҷонов, муҳандиси ширкати “Тоҷик Эйр” таъкид кардааст, ки наздикии ҷуғрофиёии ду кишвари Узбакистону Тоҷикистон ва кайфияти ризоятбахши кор дар корхонаҳои зермаҷмуаи Ширкати ҳавопаймоии миллии Узбакистон, заминаи ҳамкории техникии ширкатҳои ҳавопаймоии ин ду ҷумҳурии ҳамсояро фароҳам месозад .

Ширкати “Тоҷик Эйр” аз соли 2006 бо кумаки молии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо барои таъвизи ҳавопаймоҳои аз рада хориҷшудаи сохти Шӯравӣ ба дарёфти қарзҳои молӣ иқдом кард ва ба тадриҷ муваффақ шуд, чанд фарванд ҳавопаймоҳои “Боинг” ва “Эйрбас” харидорӣ намояд .

Дар ҳоли ҳозир, ширкати “Тоҷик Эйр” умдаи парвозҳои худро аз ду фурӯдгоҳи Душанбе ва Хуҷанд ба кишварҳои хориҷӣ анҷом медиҳад .

Бар асоси гузориши сомонаи мустақили Airlinerating.com, ширкати “Тоҷик Эйр” дар миёни 407 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон аз нигоҳи амнияти парвозӣ дар ҷойгоҳи муносибе қарор гирифтааст .