Август 11, 2016 09:53 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз вазъияти саломатии Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар зиндон

Манобеи хабарӣ аз эътисоби ғизоии Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаи 66 сол, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот»-и ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, ки ба 16 сол зиндон маҳкӯм шудааст, гузориш медиҳанд.

Ба гузориши сойти ТоҷИнфо, наздикони Сайфуллозода бо интишори паёме дар шабака иҷтимоии "Фейсбук" аз вахим шудани вазъи саломатии вай хабар додаанд.

Ин афрод таъкид кардаанд, ки бо вуҷӯди дархости мукаррари Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода барои анҷоми муъоинаи пизишкӣ дар зиндон ба вай чунин имконеро намедиҳанд.

Аз сӯи дигар хабаргузории "tojnews", низ бо истинод ба гуфтаи манобеъ дар зиндон ба шарти ифшои нашудани номи ин афрод таъкид кардааст, ки Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода воқеъан аз дарди по ранҷ мебарад ва ниёз ба дармон дорад.

Сайфуллозода- сардабири нашрияи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мавсӯм ба "Наҷот" дар моҳи сентябри соли 2015 ба иттиҳоми даст доштан дар шӯриши генерал Назарзода ба ҳамроҳи 12 узв Шӯрои олии сиёсии ин ҳизб боздошт шуд.