Июл 19, 2017 14:46 Asia/Dushanbe
  • Оғози гаштзании гурӯҳҳои зиддиҳиҷоб дар шаҳри Душанбе

Шабакаи телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-и Тоҷикистон бо пахши филме аз оғози гаштзании гурӯҳҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки бонувони боҳиҷобро ба бардоштани ҳиҷобашон тарғиб мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар ин филм, ки дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе таҳия шудааст, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо занон ва духтарони дорои пӯшиши исломӣ зарурати парҳез аз ин навъи либос ва истифода аз пӯшиши миллиро ёдоварӣ мекунад.

Бештари бонувони боҳиҷоб дар ин филм гуфтаанд, ки бо хости волидайн ва ё шавҳаронашон ҳиҷоб мепӯшанд ва дар ғайри ин сурат бо ихтилофоти хонаводагӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Маҳбуба Азимова, мудири бахши иттилоърасонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, ки дар ин гурӯҳи гаштзанӣ ҳузур дорад, ҳиҷоби исломиро навъе либоси бегона дониста ва мардони тоҷикро барои водор кардани ҳамсаронашон ба истифода аз ин навъи пӯшиш хурофотпараст хондааст.

Вай таъкид кардааст, ки “мо тоҷикон либоси миллии худро дорем ва бояд аз суннати ниёгон пайравӣ кунем”.

Дар Тоҷикистон дар 3 соли ахир ба баҳонаи муқобила бо “пӯшиши бегона” иқдомоти шадиде алайҳи пӯшиши исломии бонувони мусалмони ин кишвар иҷро ва аз ҳузури бонувони боҳиҷоб дар идорот ва созмонҳои давлатӣ, марокизи омӯзишӣ ва дармонӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ ҷилавгирӣ мешавад.

 Коршиносон муътақиданд, мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон либосҳои даврони Шӯравиро ба унвони фарҳанги миллии тоҷикон матраҳ мекунанд, ки бо чорчӯби пӯшиш дар Ислом ҳамхонӣ надорад.

 

Барчасп