Нотавонӣ дар пардохти кӯмаки молӣ ба афроди бекор дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 20 Jul 2017 14:51:37 GMT )
Июл 20, 2017 19:51 Asia/Dushanbe
  • Нотавонӣ дар пардохти кӯмаки молӣ ба афроди бекор дар Тоҷикистон

Вазири кор ва умури иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, барои пардохти кӯмак ба кормандони бекори шудаи бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътиборӣ дар ин кишвар, имконоти молии кофӣ дар ихтиёр надорем.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Сумангул Тағойзода дар нишасти хабарии масъулони ин вазорат дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки кормандони он идда аз бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътиборие, ки қаблан ҳуқуқи боло дарёфт мекарданд ба далели варшикастагӣ ва лағви муҷаввизи ин ниҳодҳо бекор мондаанд ва давлат аз тавони пардохти кӯмаки молӣ ба ин афрод бархӯрдор нест.

Вай таъкид кардааст, ки ин вазоратхона бар асоси қонун метавонад фақат се моҳ ба афроде, ки кори худро аз даст додаанд кӯмакрасонӣ кунад, то онон битавонанд дар ин муддат барои хеш шуғле биёбанд.

Тағойзода гуфт, мизони кӯмаки молӣ ба афроди бекор шуда дар моҳи нахуст ба андозаи 50 дарсад аз охирин ҳуқуқи онон, моҳи дуввум 40 дарсад ва моҳи сеюм низ 30 дарсад хоҳад буд.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки ин вазоратхона ба далели нотавонии молӣ наметавонд ба ин афрод кӯмаки молӣ кунад.

Ба далели буҳрони молӣ дар 3 соли ахир дар Тоҷикистон, муҷаввизи фаъолияти ду бонк ва беш аз 17 муассисаи молӣ ва эътиборӣ дар ин кишвар лағв шуда ва Содиротбонк ин кишвар низ беш аз ҳазор корманд хешро ихроҷ кардааст.