Раиси КҲФ: Роҳи Душанбе- Кӯлоб- Хоруғ ҳафтаи оянда боз хоҳад шуд
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки роҳи мошингарди Душанбе- Кӯлоб- Хоруғ дар ҳафтаи оянда боз хоҳад шуд.
Генерал Рустам Назарзода рӯзи 20-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки дар ҳоли ҳозир барқарорсозии босуръати ҷодаи мазкур дар мавзеҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз идома дорад.
Ба гуфтаи Назарзода дар пайи резиши сел ва болоравии сатҳи оби руди Панҷ дар мавзеъҳои Ширговад ва Хостави ноҳияи Дарвоз дар рӯзи 8 июли соли ҷорӣ, ҳудуди 1,5 километр роҳи мошингарди Кулоб - Хоруғ зери об монда буд.
Вай афзуд, ки айни замон роҳ дар қисмати деҳаи Хостав боз шуда, корҳои таркишӣ ва роҳсозӣ дар мавзеъи Ширговади ноҳияи Дарвоз бо суръат идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир иртиботи заминӣ миёни марказ ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон, аз самти шарқи ин кишвар бо убур аз гарданаи Хобу Работ сурат мегирад.
Роҳи мошингради Кулоб - Хоруғ қисмате аз ҷодаи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқорум дониста мешавад, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад.
Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани сел ва боло ратфани сатҳи оби руди Панҷ дар рузҳои 8 ва 9 июли соли ҷорӣ, 22 хона дар рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон зери об монданд.
Дар ҳоли ҳозир давлати Тоҷикисто барои осебдидагони ин рустоҳо дар мавзеъи Яхчи ноҳияи Дарвоз қитъаи замин ҷиҳати бунёди манзил ҷудо карда, ҳамчунин барои ин хонаводаҳо маҳсулоти сохтмонии зарурӣ расонида шудааст.
Бояд гуфт, ки аксари рудҳои фаромарзӣ аз куҳҳои Вилояти Бадахшони Тоҷикистон манша гирифта, ҳамасола дар фасли баҳору тобистон бар асари боришоти зиёду ҷорӣ шудани селоб мардуми ин минтақа осеб мебинад.
Ёдовар мешавем, ки рониши замин дар рустои Барсеми ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2015 маҷрои як шохаи рӯди Ғундро баст, ки дар натиҷа як обанбори маснуии бузург ба вуҷуд омад.
Он замон рахна шудани ин кӯл метавонист ба нерӯгоҳи "Помир-1" – маншаи асосии таъминкунандаи барқи вилояти Бадахшон осеби ҷиддӣ расонад, ки хушбахтона баъдан маҷрои кӯл боз ва он безарар карда шуд.
Аммо дар натиҷаи ин офтаи табиӣ деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнони Бадахшон хароб шуда, баъдан дар саҳрои Питовдашти ин ноҳия барои 84 хонавода қитъаҳои замин барои бунёди манзил ҷудо шуд.
Тибқи иттилоъи КҲФ Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ин кишвар 51 офати табии рух додааст, ки бар асари он 27 нафар ҳалок шуда, ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи беш аз 14 миллион 500 ҳазор сомонӣ хисорот ворид шудааст.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар ин муддат 63 нафар дар куллу рудҳои ин кишвар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ҷони хешро аз даст додаанд.
Ҳамзамон дар шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони КҲФ Тоҷикистон тавонистанд ҷони 76 нафарро дар ҳаводиси мухталиф наҷот бахшанд.