Июл 22, 2017 08:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 228 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми терроризм

Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 228 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ дар шаш моҳи нахусти имсол ба иттиҳоми терроризм хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, генерал Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки дар ин муддат бо ҳамкории дигар сохторҳои амниятӣ аз вуқӯи 12 амалиёти террористӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз миёни 228 нафаре ки ба иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, 104 нафар аз гурӯҳи такфирии ДИИШ, 80 тан аз аъзои созмони мамнӯаи Салафия, 17 узви ҷамоати Ансоруллоҳ, 16 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, 6 нафар фаъоли Гурӯҳи 24 ва 3 нафар узви Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ҳастанд.

Вай таъкид кардааст, ки 13 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки довталабона сафи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро тарк кардаву ба Тоҷикистон омадаанд, бар асоси қонуни афви ин ҷумҳурӣ аз пайгарди қазоӣ озод шудаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин аз базарар гаштани 17 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар пайи амалиёти нерӯҳои интизомии ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

 

Барчасп