Рушди иқтисоди Тоҷикистон кунд мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20364-Рушди_иқтисоди_Тоҷикистон_кунд_мешавад
Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ дар заминаи рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017, аз кунд шудани рушд иқтисоди ин кишвар хабар додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 22, 2017 04:51 Asia/Dushanbe
  • Рушди иқтисоди Тоҷикистон кунд мешавад

Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ дар заминаи рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017, аз кунд шудани рушд иқтисоди ин кишвар хабар додааст.

Ба гузориши сомонаи Бонки ҷаҳонӣ, дар ин гузориш таъкид шудааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол кунд шудааст ва танҳо дар солҳои 2018 – 2019 бо андаке рушд рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ки бо унвони “рушди норавшани иқтисоди Тоҷикистон” мунташир шуда, таъкид шудааст, ки дар 3 соли 2017 то 2019 рушди иқтисоди ин кишвар пойинтар аз шохиси соли 2016 хоҳад буд.

Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ коҳиши ҳаҷми тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон (ММД) дар соли 2017 -ро 5,5 дарсад пешбинӣ кардааст.

Дар ин гузориш аз буҳрони молии тӯлонӣ, набуди фазои муносиби фаъолияти бахши хусусӣ, мизони болои молиёт, маҳдуд будани сармоягузорӣ, вобастагӣ ба иқтисоди Русия ва даромади ирсолии коргарони муҳоҷир, набуди заминаи эҷоди кор ва мушкилоти шабакаҳои бонкӣ ба унвони омилҳои таъсиргузор дар рушди иқтисоди ин кишвар ёд шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки буҳрони молии Русия дар солҳои 2014 – 2016 заминаи варшикастагии чандин бонк ва ташкилоти қарзии хурдро дар Тоҷикистон фароҳам кардааст.