Тоҷикистон барои занон либоси миллӣ тарроҳӣ мекунад
(last modified Sat, 22 Jul 2017 08:37:07 GMT )
Июл 22, 2017 13:37 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон барои занон либоси миллӣ тарроҳӣ мекунад

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз иҷрои тарҳи таҳияи либоси миллӣ барои занони тоҷик, бо ҳадафи пешгирӣ аз бегонагароӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Шамсуддин Орумбекзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе афзуд, ба ҳамин манзур як комиссияи тахассусӣ ба дастури ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ машғули таҳияи либоси миллӣ ҳастанд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, дар таҳияи либоси миллӣ зимни таваҷҷуҳ ба суннатҳои миллӣ, пешрафтҳои имрӯзи ҷомеа низ дар назар гирифта мешавад то либоси мавриди писанди ҷомеа таҳия шавад.

 Талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои яксонсозии либоси аъзои ҷомеа ва пешгирӣ аз пӯшидани либоси мазҳабӣ, ба хусус дар маконҳои ҷамъиятӣ бо интиқоди мудофеони ҳуқуқи башар рӯбарӯ шудааст, ки ин мавзӯро дахолат дар зиндагии шахсӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ номидаанд.

Ин изҳороти вазири фарҳанги Тоҷикистон баъд аз 10 рӯз аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати даҳумин соли тасвиби Қонуни танзим ва ҷашну маросимҳои миллӣ баён шудааст, ки бори дигар бар зарурати тақвияти фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ таъкид кард.

 

Барчасп