Июл 22, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Тоҷикистон бар ҳифзи равобити ҳасана бо Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ҳамкориҳои иқтисодӣ , илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон ҳамчун гузашта идома дорад.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон , Неъматуллоҳ Имомзода дар дидори мудири радио тоҷикии Садои Хуросон дар Теҳрон, гуфт, бархе мақолот ва матолиб дар матбуоти ин кишвар, ки бо равобити ҳасанаи дуҷониба мунофот дорад, назари расмии давлати Тоҷикистон ва мавриди таъйиди мақомоти ин кишвар нест.

Имомзода овозаи мамнуияти чопи рисолаи Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Тоҷикистонро такзиб кард ва афзуд, ингуна маворид дар бархе нашриёти ғайри расмии ин кишвар мунташир шудааст ва давлати Тоҷикистон онро таъйид намекунад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳамчунин бо ишора ба мушкилоти судури муҷаввиз барои фаъолияти бархе хабарнигорони радио тоҷикии Садои Хуросон дар Душанбе тасреҳ кард, ин муҷаввизҳо барои тамдид бояд тибқи муқаррарот дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон таъкид кард, барои ҳалли мушкилоти хабарнигорони радио тоҷикии Садои Хуросон ва идомаи фаъолияти фарҳангии онон дар Душанбе, пайгириҳои лозим сурат мегирад.

Вай ёдовар шуд, мушкилоти мавҷуд байни ду кишвар ҷузъӣ ва зудгузар аст ва расонаҳо ва радио тоҷикӣ бояд, барои ҳалли мушкилот ва ҷилавгирӣ аз афзоиши он, талош кунанд.