Июл 23, 2017 09:24 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Малик Салмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шоҳи Арабистони Саудӣ дар гуфтугӯи телефонӣ, равобити ду ҷониба ва авзои минтақаро баррасӣ карданд.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, дар гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Малик Салмон бин Абдулазиз дар бораи сатҳи феълӣ ва дӯрнамои густариши муносиботи Душанбе – Риёз дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ,  фарҳангӣ ва омӯзишӣ баҳсу табодули назар шуд.

   Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва шоҳи Арабистони Саудӣ, хостори талоши муштараки мақомоти ду кишвар барои тақвияти равобити дӯстонаи Душанбе – Риёз ва пайгирии иҷрои тавофуқоти дуҷониба дар заминаҳои мухталиф  шуданд.

   Тарафҳо ҳамчунин бар зарурати поён ёфтани буҳронҳои минтақаӣ, аз ҷумла мушкилоти ахир дар равобити чанд кишвари арабӣ бо Қатар аз роҳи гуфтугӯҳои сиёсӣ таъкид карданд.

   Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва шоҳи Арабистони Саудӣ дар ин тамоси телефонии дидгоҳҳои худро дар бораи ба коргирии талоши муштарак дар мубориза бо терроризм, ифротгарӣ ва ҷиноёти созмонёфта баён карданд.

   Эмомалӣ Раҳмон аз Малик Салмон бин Абдулазиз барои сафар ба Тоҷикистон даъват ба амал овард.

 

Барчасп