Июл 24, 2017 08:57 Asia/Dushanbe
  • Фарёди мададхоҳии як зани тоҷик аз Ироқ

Як зан тоҷик, ки ба ҳамроҳи шавҳар ва се фарзандаш моҳи сентябри соли 2014 барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия рафта ва дар як соли ахир аз сарнавишти онон хабаре дар даст набуд, чанде қабл дар тамоси телефонӣ бо модараш кӯмак барои хурӯҷ аз Ироқро дархост кардааст.

     Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сойт Топ Тҷ, Гулрӯ Олимова дар соли 2015 дар тамос бо модараш аз кушта шудани Лоиқ Раҷабов- шавҳараш ва ба дунё омадани фарзанди чаҳоруми хеш хабар дода ва гуфтааст, ки аз Сурия ба шаҳри Мусили Ироқ мунтақил шудааст.

     Ба гуфтаи Марямбӣ Олимова -модари Гулрӯ, духтараш дар охирин тамоси телефонӣ таъкид кардааст, ки ҳанӯз ҳам дар шаҳри Мусили Ироқ басар мебарад, ки ба гуфтаи ӯ таҳти контроли «гурӯҳи дигар» аст.

    Шаҳри Мусили Ироқ рӯзи даҳуми июл ба таври комил озод шуд ва дар контроли давлати Ироқ қарор гирифт.

    Гулрӯ аз хонаводааш хостааст, ҳар чӣ сареътар барои хурӯҷи ӯ ва фарзандонаш аз Ироқ иқдом кунанд.

   Генерал Рамазон Раҳимзода- Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири хеш дар шаҳри Душанбе таъкид кард, бо вуҷуди идомаи даргириҳо дар Сурия ва Ироқ талош барои хориҷ кардани шаҳрвандони фиребхӯрдаи ин ҷумҳурӣ ва аъзои хонаводаҳои онон аз ин ду кишвари арабӣ бо ҷидият идома дорад.

    Ба гуфтаи Раҳимзода дар соли 2016 беш аз 70 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ва Ироқ довталабона хориҷ шуда ба кишварашон бозгаштаанд.

    Ҳамчунин 13 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки аз оғози имсол довталабона сафҳои гурӯҳи террористии ДИИШ-ро тарк карда ба Тоҷикистон омадаанд бар асоси Қонуни афви ин ҷумҳурӣ, аз пайгарди қазоӣ муоф шудаанд.

   Мақомоти тоҷик борҳо аз ҳузури беш аз як ҳазору 140 шаҳрванди ин кишвар дар сафҳои ДИИШ дар Сурия ва Ироқ хабар додаанд, ки 300 тан аз онон зан ва кӯдак ҳастанд.