Июл 25, 2017 12:55 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли бештари тоҷикистониҳо ба узвият дар Иттиҳоди Авруосиё

Бар асоси як назарсанҷӣ, бештари мардуми Тоҷикистон хоҳони узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, назарсанҷии Бонки рушди Авруосиё дар миёни шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон ва Молдова нишон медиҳад, ки 68 дарсад аз тоҷикистониҳо ва 51 дарсад аз шаҳрвандони кишвари Молдова тарафдори пайвастани кишварҳояшон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд .

Нуктаи ҷолиб дар ин назарсанҷӣ ин аст, ки фақат 49 дарсади мардуми Молдова ба узвияти кишварашон ба Иттиҳоди Аврупо тамоюл нишон додаанд .

Бонки рушди Авруосиё аз ин назарсанҷӣ натиҷа гирифтааст, ки имкони узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиё дастикам дар кӯтоҳмуддат воқеитар аз соири кишварҳои минтақа аст .

Муоҳидаи таъсиси Иттиҳоди Авруосиё дар 29 майи соли 2014 бо ҳузури сарони Русия, Беларус ва Қазоқистон имзо ва аз якуми январи соли 2015 иҷроӣ шуд .

 

Барчасп