Август 11, 2016 11:16 Asia/Dushanbe
  • Далоили амалӣ нашудани барномаи рушди содироти Тоҷикистон

Барномаи давлатии рушди содироти Тоҷикистон, то соли 2015 ба далоили мухталиф иҷроӣ нашудааст, ки мӯҷиби коҳиши тавлиди маҳсӯлоти ҷойгузини колоҳои хориҷӣ дар бозори дохили ин кишвар шуд.

Ба гузориши сойти Авесто, мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, яке аз далоили умдаи иҷроӣ нашудани ин барномаро амал накардани тарафҳои қарордодии ин кишвар ба тааҳҳудоти худ дар қиболи Тоҷикистон унвон кардаанд.

Бар асоси ин барнома, мебоист бо роҳандозии чандин корхонаи ҷадиди тавлидоти маҳсӯлоти кишоварзӣ, заминаи содироти ин маҳсӯлот ба бозорҳои хориҷӣ фароҳам шавад.

Тибқи барномаи чашмандози иқтисодии Тоҷикистон қарор буд, ин кишвар аз содиркунандагони маҳсӯлоти хом, ба кишвари арза кунандаи коло ба бозори хориҷӣ табдил шавад, ки ин мавзӯ муҳаққиқ нашудааст.

Аз назари мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бояд, то соли 2015, фази нахусти нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун, Корхонаи алюминий дар Данғара ва чанд маркази тавлидии дигар ба баҳрабардорӣ мерасид, ки ҳеч як аз ин тарҳҳо иҷроӣ нашудааст.

Гуфтанист, воридот ва содироти Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ ва ба нафъи  воридот аст ба тавре, ки тайи чанд соли ахир аз ин кишвар ҳудӯди 440 миллион тон маҳсӯлот содир ва беш аз 1 миллиарду 500 миллион доллар коло вориди ин кишвар мешавад.

 

Барчасп