Август 11, 2016 12:38 Asia/Dushanbe
  • Марги як сарбоз дар артиши Тоҷикистон

Наздикони Рамазон Забиров сарбози 18 солаи яке аз воҳидҳои нерӯи марзбонии Тоҷикистон, ки ахиран дар ноҳияи Зафаробод ба қатл расидааст, иллати марги вайро лату куби ҳамхидматиҳояш унвон кардаанд.

Ба гузориши сойти Top tj, мақтул, ки сокини ноҳияи Ҳисор аст, довталабона 4 моҳ қабл ба хидмати ҳарбӣ дар сафи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, машғӯли хидмат шуда буд.

Волидайни ин сарбози мақтӯл гуфтаанд, ки дар бадани фарзандашон осори лутту кӯбро мушоҳида кардаанд ва барои додхоҳӣ ба додситонии ноҳияи Ҳисор шикоят хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар масъулони нерӯи марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин маврид пас аз интишори натиҷаи таҳқиқи пизишки қонунӣ, посух хоҳанд дод, аммо Муллозокир Забиров, падари Рамазон гуфтааст, ки пеш аз ин низ мақомоти фармондории маҳаллӣ ба вай қавл дода буданд, ки дар сӯрати эъзоми писараш ба хидмат ба хонаводаи онон як қитъа замин вогузор мекунанд, ки ин ваъда низ иҷро нашудааст.

Маргу мири сарбозони тозаворид ба хидмат дар Артиши Тоҷикистон ба мушкили ҷиддӣ барои мақомоти аршади низомии ин кишвар табдил шудааст, ки дар аксари маворид ин иттифоқот бар асари латту кӯби ин афрод, тавассути ҳамхидматиҳояшон рух медиҳад.

Ин моҷаро дар ҳоле аст, ки ба далели вуҷӯди нобасомониҳои зиёд аз ҷумла авзоъи ногувори иқтисодӣ ва ахлоқӣ дар Артиши Тоҷикистон, ҳамасола ҳазорон ҷавони воҷиди шароити хидмат аз ин кишвар фирор мекунанд ва барои кор ба Русия мераванд.

Аз нигоҳи коршиносон яке аз далоили умдаи фирори ҷавонон аз хидмат дар Тоҷикистон ва рафтани онон ба Русия барои кор, вуҷӯди мавориди зиёди луту кӯби сарбозони тозаворид аз сӯи ҳамхидматҳояшон аст, ки дар солҳои ахир бо даҳҳо маврид кушта ва маълӯл шудани ин афрод ҳамроҳ будааст.

 

 

Барчасп