Июл 27, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди тилло дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши 15 дарсадии тавлиди тилло дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта хабар дод.

Ба гузориши сайти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Бахтиёр Шарифов, мудири идораи филизоти ранга ва саноати кӯҳии ин вазоратхона дар нишасти хабарии ахираш дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл мизони тавлиди тилло ва нуқра 15 ва 12 дарсад бештар шудааст.

Вай далели афзоиши тавлиди тилло ва нуқра дар Тоҷикистонро фаъолияти муассири 6 корхонаи истихроҷи ин филизот ном бурдааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2016 барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар тавлиди солонаи тилло аз 5 тон фаротар рафта буд.

Истихроҷи тилло дар Тоҷикистон дар соли 2015 чаҳор ҳазору 500 кило эълом шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир аксари корхонаҳои тавлиди тилло дар Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои муштараки тоҷикистонӣ ва чинӣ аст.

Ба манзури афзоиши тавлиди тилло дар Тоҷикистон ахиран Вазорати молияи ин ҷумҳурӣ аз ҳукумати кишвар хостааст барои ҳамаи афроде, ки тамоюл ва тавони фаъолияти мустақил дар бахши иктишоф ва истихроҷу тавлиди тилло доранд, заминаи қонунии корро фароҳам кунад.

Дар сурати мувофиқати ҳукумати Тоҷикистон бо ин тарҳ, шаҳрвандон метавонанд озодона дар конҳои тилло дар манотиқе, ки таҳти салоҳияти ширкатҳои дигар набошад, машғул ба кор шаванд ва барои чунин коре танҳо ниёз ба гирифтани иҷозатнома аз Вазорати молия доранд.