Июл 27, 2017 10:08 Asia/Dushanbe
  • Далелҳои ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз нигоҳи коршиноси рус

Корманди аршади Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Русия далелҳои ҳузури миллионии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишварро набуди муқаррароти раводид миёни Маскав- Душанбе ва тақозо барои истифода аз хадамоти ин афрод дар бозори кор ва фаъолияти созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷик ном бурд.

Ба гузориши “Спутник”, Дмитрий Попов дар вокуниш ба баҳси матраҳшуда аз сӯйи Сумангул Тағойзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар бораи музокира бо кишварҳои Кувейт, Қатар ва Имороти муттаҳидаи арабӣ барои равон кардани коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин кишварҳо гуфт, ин мавзӯъ солҳост, ки матраҳ аст, аммо ҳеҷ кишваре ба андозаи Русия ин теъдод шаҳрвандони Тоҷикистонро нахоҳад пазируфт.

Вай муътақид аст, ки шароити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мавҷуд дар муносиботи Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла набуди муқаррароти раводид, будани тақозо дар бозори кори Русия барои ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик, иртиботи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва заминии густурда миёни Маскав ва Душанбе ва фаъолияти фарҳангӣ ва ҳуқуқии созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷик аз омилҳои ҳузури беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аст.

Аз дидгоҳи ин коршиноси рус, ҳар сари чанд вақт, ки шароити маишатии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо мушкил рӯбарӯ мешавад, мақомоти Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баҳси равон кардани ин афрод ба кишварҳои арабиро матраҳ мекунанд, аммо бо гузашти даҳҳо сол аз ин гуфтугӯҳо ҳеҷ тавофуқе дар заминаи равон кардани коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин кишварҳо ба даст наомадааст.

Ҳатто қарор буд, бар асоси тавофуқи Тоҷикистон ва Беларус 20 ҳазор коргари тоҷик ба ин кишвар равон карда шаванд, ки дар ин замина низ ҳеҷ дастоварде нест.