Тавсияи коршиносони тоҷик ба рӯҳониёни ин кишвар
Коршиносони тоҷик ба рӯҳониёни ин кишвар тавсия карданд, ки аз донишҳои муосир барои кор бо компютер ва интернет баҳраманд шаванд.
Ба гузориши равобити умумии Маркази исломии Тоҷикистон, ахиран дар ин марказ бо ҳамкории Кумитаи дин ва Маркази исломшиносии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳузури имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе нишаст илмӣ ва омӯзишӣ баргузор шуд.
Дар ин нишаст мавзӯи тарғиби афрод ба ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он дар Тоҷикистон баррасӣ шуд ва ба имомхатибон тавсия шуд, ки илова бар доштани донишҳои динӣ аз илм ва фановарии муосир низ бархурдор гарданд.
Ширкаткунандагон дар ин нишаст бо ибрози нигаронӣ аз таъсирпазирии ҷавонони кишвар аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба тарғиби ифротгароӣ машғул ҳастанд ва афродро ба ҳузур дар даргириҳои кишварҳои Сурия ва Ироқ тарғиб мекунанд, бар андешидан ва дар пеш гирифтани роҳкорҳои муассир таъкид карданд.
Коршиносони ин нишаст ба имомхатибон тавсия карданд, ки илова бар доштани дониши динӣ, истифода аз интернет ва кор бо компютерро низ биёмӯзанд ва бо ибрози андеша ва муаррифии Исломи ноб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бар зидди андешаҳои ифротии гурӯҳҳои тундрав муқобила кунанд.