Тоҷикистон дар Узбакистон намоишгоҳи санъатӣ баргузор мекунад
(last modified Thu, 27 Jul 2017 15:12:39 GMT )
Июл 27, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар Узбакистон намоишгоҳи санъатӣ баргузор мекунад

Шавкат Бобозода Вазири саноат ва фановариҳои нави Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки интизор аст дар ин намоишгоҳ 64 корхонаи санъатии кишвараш ҳузур пайдо кунанд.

Ба гуфтаи Шавкат Бобозода интизор аст дар ин намоишгоҳ Тоҷикистон  тавлидоти  арсаи  мошинсозӣ, маъданҳои куҳӣ, саноати сабук,  алюминиум ва маҳсулоти ғизоиро  пешниҳод  кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе баъди 26 сол нахустин намоишгоҳи колаҳои санъатии Узбакистон баргузор шуд.  

Дар ин намоишгоҳ беш аз 160 ширкат ва корхонаҳои тавлидоти Узбакистон ва ҳудуди 500 нафар тоҷир аз ин кишвари ҳамсоя ширкат доштанд.

Дар ин намоишгоҳ Узбакистон тавлидоти санъати мошинсозӣ,  доруворӣ, хурокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, пойафзол ва таҷҳизоти маишии хешро муаррифӣ кард.

Ҳамчунин дар чаҳорчуби ин намоишгоҳ ҳамоиши муштараки тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону  Узбакситон  баргузор шуда, дар натиҷа миёни ду соҳибкорони ду кишвар даҳҳо санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки  баъди даргузашти  Ислом Каримов раиси ҷумҳури Узбакистон дар  моҳи сентябри соли 2016  ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар ин кишвар, равобити Душанбе ва Тошканд беҳтар шуд.

Аз ҷумла баъди  тавақуфи 25 сола иртиботи мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар аз сар гирифта шуда, дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва рӯзҳои фарҳанги Узбакистон низ баргузор шуд.

Тибқи омори расмӣ ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2016  то ба ҳудуди 70 миллион доллар расидааст, ки дар қиёс ба соли 2015 беш аз 5 баробар зиёд аст.