Пирзода: Беш аз 65 дарсади маблағи амонатгузоронро бозпас додем
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20692-Пирзода_Беш_аз_65_дарсади_маблағи_амонатгузоронро_бозпас_додем
Шикасти сукути тӯлонии раҳбарияти бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк”, худдории созмонҳои  молии ҷаҳон аз кумак ба буҷаи давлатии Тоҷикистон, тақвияти назорат бар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ва интиқод аз шароити номуносиби кори занони  муҳоҷир  дар  Арабистони Саудӣ  аз муҳимтарин мавзӯъҳои матолиби нашрияҳои чопи Душанбе аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 28, 2017 14:34 Asia/Dushanbe
  • Пирзода: Беш аз 65 дарсади маблағи амонатгузоронро бозпас додем

Шикасти сукути тӯлонии раҳбарияти бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк”, худдории созмонҳои  молии ҷаҳон аз кумак ба буҷаи давлатии Тоҷикистон, тақвияти назорат бар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ва интиқод аз шароити номуносиби кори занони  муҳоҷир  дар  Арабистони Саудӣ  аз муҳимтарин мавзӯъҳои матолиби нашрияҳои чопи Душанбе аст.

Дар сафҳаи аввали рӯзномаи “Имруз нюз” мусоҳибаи Тоҷиддин Пирзода, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк”, ки тайи ду соли ахир дучори буҳрони шадиди молӣ аст, чоп шудааст. Тоҷиддин Пирзода дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки баъди кумаки молӣ  аз ҷониби давлати Тоҷикистон ин бонк маблағи беш аз 65 дарсади амонатгузоронро бозпас дода, боқӣ аз ҳисоби фурӯши амволи дар гаравбуда ва моликияти худи бонк  пардохт хоҳад шуд. Ба гуфтаи Тоҷиддин Пирзода, дар қазияи мушкилоти молӣ далелҳои эҷоди ҳангома миёни мардум низ вуҷуд дошта, мардумро барои якбора бозпас гирифтани амонатҳои хеш водор кард, ки дар натиҷа, то пойни соли 2016 пардохтпазирии Тоҷиксодиротбонк то 4 баробар поин рафт  ва баъди  ин қазия  аз 335 ҳазор муштарӣ дар ин бонк  ҳамагӣ  69 ҳазор боқӣ  мондааст. Дар баробари ин Пирзода афзудааст, ки айни замон ин бонк дар қаламрави Тоҷикистон  40 намояндагӣ  ва 700 нафар корманд дорад, дар ҳоле ки дар соли 2015 беш 3 ҳазор корманду 90 намояндагӣ доштааст.

Ба гуфтаи Пирзода, дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” айни замон 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ буда, аз сӯйи дигар аз муштариён   як миллиарду 700 миллион сомонӣ қарздор аст. Тоҷиддин Пирзода таъкид кардааст, ки  қарор аст,  дар ояндаи наздик  Бонки рушди Тоҷикистон, яке аз бонкҳои фаръии “Тоҷисодиротбонк” ба ҳайси як бонки алоҳидаи исломӣ ба фаъолият оғоз кунад.

Нашрияи “Фараж” низ дар мавриди шикасти сукути раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк”  матлаберо бо номи “Тоҷидин Пирзода аз чоҳ то роҳ” чоп кардааст.

Ҳафтаномаи Озодагон дар матлабе навишт, ки Тоҷикистон натавонист, ки 200 миллион долларо соҳиб шавад. Ин нашрия менависад, ки Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо аз ироаи кӯмак ба буҷаи Тоҷикистон даст кашидаанд. Ин созмонҳо омода буданд, ки ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз ва кумаки билоиваз  ҷудо кунанд, аммо ин кишвар ислоҳоти пешниҳодкардаи ин созмонҳои молиро қабул накардааст.  Нашрия менависад,   дар ин бора дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ нашр шуда ва дар шарҳи ин тасмим Бонки Ҷаҳонӣ навиштааст, “фурсати андешидани чораҳои сиёсӣ” аз даст рафт ва масъалаҳои бахши молия “ҳалли муносибе пайдо накарданд”. Бинобар иттилои манобеъ, агар Ҳукумати Тоҷикистон шартҳои созмонҳои байналмилалиро қабул мекард, танҳо худи Бонки Ҷаҳонӣ омода буд, ба буҷаи ин кишвар 50 миллион доллар кумаки биоиваз ва қарз ҷудо кунад. Ин нашрия менависад, ки  Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои янҷоми як ислоҳоти фарогир дар низоми бонкии Тоҷикистон, аз ҷумла барканории мудирияти кунунии бонкҳои буҳронзада ва барномаи дарозмуддати тағйири сохтори бонкҳоро рӯи даст бигирад, ки давлати Тоҷикистон ин шартҳоро қабул накард, бинобар ин созмонҳои молӣ  низ аз пешниҳоди кумак ба Тоҷикистон даст кашиданд. Ба навиштаи муаллиф,  Ҳукумати Тоҷикистон дар авҷи буҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли 2016 бо нашри вомбаргҳои давлатӣ барои наҷоти  "Тоҷиксодиротбонк" 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Нашрияи “Азия-плюс” дар матлабе бо номи “Бо эҳтиёт коммент нависед, зеро барои ин метавонад пушти панҷара равед”,  аз ташдиди назорати интернет ва матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хабар додааст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки пайгирии фаъолияти шаҳрвандон дар интернет аз сӯйи ду воҳиди вижаи зидди ҷиноятҳои кибернетӣ дар ВУД анҷом шуда, ҳадафи аслии онҳо ошкор кардани шаҳрвандоне ҳаст, ки қасд доранд, тариқи интернет, почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо созмонҳои ифротгаро ва террористӣ иртибот барқарор кунанд.

Ҳафтаномаи русизабони чопи Душанбе “Дайджест-пресс” дар матлабе бо номи “Кори ғуломворӣ муҷоҳирони тоҷик дар кишварҳои арабӣ” аз вазъи ногувори муҳоҷирзанони тоҷик дар ин кишварҳо ҳикоят кардааст. Дар ин матлаб аз саргузашти  Шамсия Асаналишоеваи 46-сола, як сокини Бадахшони Тоҷикистон қисса мешавад, охири моҳи майи соли ҷорӣ  дар пайи шикоят  аз шиканҷаву азияти кордиҳандааш дар Риёз аз асорат дар Саудӣ озод ва ба Душанбе баргардонида шудааст. Дар ин матлаб  мехонем, ки қазияи Шамсия Асаналишоева дар моҳи майи соли ҷорӣ, баъди тамоси телефонии ӯ аз Риёз расонаӣ шуд.

Хонум Асаналишоева дар ин тамос гуфта буд, азбаски бар хилофи қарордод ӯро кори зиёд мефармуданд, хост, корро қатъ кунад, аммо соҳиби хона бо талаби баргардондани 2 ҳазор долларе, ки барои ба кор гирифтани ӯ сарф кардааст, ӯро зери азобу шиканҷа қарор дода, ҳатто аз электрошок истифода кардааст. Баъди муроҷиати Асаналишоева ба пулис мақомоти интизомӣ ӯро аз хонае, ки кор мекард, озод карданд. Шамсия Асаналишоева, собиқ хабарнигори телевизиони Бадахшон гуфт, ба хотири даромади беҳтар кор дар Арабистони Саудиро пазируфт. Дар ниҳоят бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ мушкили Асаналишоева бо кордиҳандаи Саудӣ ҳал шуд ва ба Душанбе баргашт. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, то ҳол маълум нест, ки чи теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд.

Нашрияи “Азия-плюс” низ дар бораи қазияи Хонум Асаналишоева  матлаби муфасале чоп кардааст.

Ҳафтаномаи “Озодагон” малаберо бо номи “Нигоҳ ба оянда баъд аз 30 сол бо Тоҷикистон чӣ мешавад?” нашр кардааст. Нашрия аз донишмандон, соҳибназарон, таҳлилгарони тавонои тоҷик дар саросари олам, ҳамчунин устодону муҳаққиқони фарҳангистони улум ва донишгоҳҳои ин кишвар даъват кардааст, ба ин баҳс ҳамроҳ шуда,  назароти оянданигарии хешро барои доштани як Тоҷикистони устувору обод рӯйи саҳфа биёранд. Матлаби нашршуда дар ин замина  ба қалами Салими Аюбзод,  рузноманигори тоҷик тааллуқ дошта, муаллиф  дар бахшҳои алоҳида дар мавриди манобеи энержӣ, нерӯи инсонӣ, кишвардорӣ,  офатҳои табиӣ ва Ислом дар Тоҷикистон барои сӣ соли оянда изҳори назар кардааст. Ба хулосаи муаллиф, заъфи адолати иҷтимоӣ, густариши тафриқа байни сарватмандону камбағалон, ноқаноатмандии умумӣ аз шеваҳои мудирият, фасоди фарогир, уқдаи қамбинӣ, қудратталабӣ ва омилҳои дигар "марксизм"-и исломиро ба назарияи ҷолиб ва маҳбуби садҳо ҳазор нафар аз ҷавонон табдил хоҳад дод. Инчунин ба гуфтаи муаллиф,  Тоҷикистонро дар 30 соли оянда метавонад бекории бузург, бӯҳрони сиёсию иҷтимоӣ, динию мазҳабӣ, демографӣ, экологӣ, мудохилаи хориҷӣ ва ноамниҳои зиёде дар пеш бошад, он ҳам дар пасманзари ноомодагии ин кишвар ба чунин таҳаввулот.

Ҳафтаномаи “Самак” матлаберо ба унвони “Арабҳо насохтанд, Чиниҳо месозанд!”, нашр кардааст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, бинои нави парлумони Тоҷикистон на бо сармояи Арабистони Саудӣ, балки бо 230 миллион доллар кумаки бебозгашти Чин бунёд хоҳад шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки Арабистони Саудӣ харҷи сохтмони бинои нави порлумонро пардохт мекунад.

​Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ахиран гуфтааст, ки бинои нави парлумон аз чаҳор ошёна иборат буда, сохтмонаш охири имсол шурӯъ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, баъди музокирот  Чин розӣ шудааст, барои бунёди бинои нави парлумон кумаки бебозгашт кунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муаллиф, дар моҳи майи соли гузашта Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлис-уш-шӯро,  парлумони Саудӣ ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки кишвараш сохтмони бинои нави парлумонро сармоягузорӣ мекунад.