Июл 29, 2017 09:05 Asia/Dushanbe
  • Дафни партовҳои ҳастаии даврони Шӯравӣ дар Суғд

Ширкати “Русатом”-и Русия эълом кард, ба зудӣ кори шиносоии маконҳои дафни партовҳои ҳастаӣ дар шаҳраки Истиқлоли вилояти Суғд поён меёбад.

Ба гузориши сайти Маркази федералии амнияти ҳастаии Русия, бар асоси созишномае, ки ахиран миёни ин ниҳод ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон имзо шудааст то 20-уми августи имсол кори шиносоии маконҳои дафни партовҳои ҳастаӣ дар шаҳраки Истиқлоли вилояти Суғд ба поён хоҳад расид.

Бар асоси ин созишнома, ки дар шаҳри Душанбе ба имзои Андрей Галиней, мудири Маркази федералии амнияти ҳастаии Русия ва Саъдуллоҳ Гардуллозода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон расидааст, бо поёни замони шиносоии мизони партовҳои ҳастаӣ дар шаҳраки Истиқлол, ҳисоркашӣ перомуни макони пасмондаҳо ва беасарсозии ин мавод оғоз хоҳад шуд.

Ширкати “Русатом”-и Русия пеш аз ин маблағи дафни партовҳои ҳастаии даврони Шӯравӣ дар шаҳраки Истиқлоли Тоҷикистонро 734 миллион рубл эълом карда ва мутааҳҳид ба таъмини аз чор се ҳиссаи он шудааст.

Маконҳои дафни партовҳои ҳастаии боқимонда аз он замон бидуни ҳифозат ва пӯшиши вижаи амниятӣ ба ҳоли хеш раҳо шуда ва хатарноктарин минтақаи шаҳраки Истиқлолро эҷод кардааст.

Дар сурати вуқӯи ҳаводиси табиие назири зилзила ва сел ин пасмондаҳои ҳастаӣ мумкин аст бо обҳои зерзаминӣ омехта шавад.

 

Барчасп