14 соли зиндон ба ҷурми ҳамкорӣ бо ДИИШ
Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав, дар ғарби Душанбе як сокини ин ноҳияро ба иттиҳоми ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Ба гузориши сайти Додситонии кулли Тоҷикистон, Ғанӣ Абдусатторов, ки муддате дар Украина ба сар бурдааст, бо барқарории иртибот бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар заминаро барои ҷазби афрод ба ин гурӯҳ ва фиристодани онон ба Сурия ва Ироқ фароҳам кардааст.
Мақомоти қазоии Украина ин шаҳрванди тоҷикистониро дар моҳи феврал боздошт ва ба Душанбе истирдод карданд.
Бар асоси гузориши мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ҳазору 140 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки наздик ба 300 нафар аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.