Иддаои ташдиди фишорҳо бар наздикони Муҳиддин Кабирӣ дар Тоҷикистон
Наздикони Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст, иддао кардаанд, ки дар рӯзҳои ахир фишорҳо бар онҳо афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, наздикони Муҳиддин Кабирӣ ба ин сомонаи хабарӣ гуфтаанд, ки ин мавҷи нави фишорҳоро бо фаъолиятҳои ахири Кабирӣ ва ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ муртабит медонанд.
Кабирӣ нуҳуми июл дар Дортмунди Олмон нишасте баргузор ва ахиран низ бо сафар ба Малайзия дар анҷумани "Ваҳдати уммат" суханронӣ кард.
Ба гуфтаи вобастагони Кабирӣ, шонздаҳуми июл гурӯҳе бо таҷаммӯъ муқобили хонаи падари келини бузурги Муҳиддин Кабирӣ дар рустои Заргари шаҳри Ваҳдат, алайҳи Ҳизби наҳзат исломӣ ва хешовандони Кабирӣ шиор додаанд.
Руҳуллоҳ ва Муҳаммад Тиллозода писарони Муҳиддин Кабирӣ тақрибан аз ду соли пеш дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, вале дар ин муддат ҳамсарони онҳо иҷозаи хурӯҷ аз кишвар ва рафтан ба назди ҳамсаронашоро наёфтаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, ки аз соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва ахиран дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳандагии сиёсӣ ба даст овардааст.
ҲНИТ - муҳиммтарин ташаккули мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, сентябри 2015 бо ҳуми Додгоҳи олии ин кишвар террористӣ эълом ва фаъолияти он мамнӯъ шудааст.