Июл 29, 2017 11:59 Asia/Dushanbe
  • Талош барои ҷазби сармояи хориҷӣ ба тарҳи неругоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки бо фурӯши авроқи баҳодор дар бозорҳои молии байналмилалӣ қасд дорад, заминаи ҷазби сармоягузории хориҷӣ барои такмили сохти неругоҳи Роғунро фароҳам кунад.

Ба гузориши хабаргузории Азия-плюс, Ҷамшед Каримзода муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии масъулони ин вазорат дар шаҳри Душанбе гуфта аст, ки коргурӯҳи вижае аз намояндагони Вазорати молия ва Бонки Миллии Тоҷикистон музокиротеро бо тарафҳои хориҷӣ барои арзаи авроқи баҳодори ин кишвар ба бозорҳои молии байналмилалӣ оғоз кардааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон авохири моҳи июн тарҳи арзаи авроқи баҳодор дар бозорҳои молии байналмилалиро ба манзури ҷазби сармояи хориҷӣ дар раванди такмили сохти неругоҳи барқи обии Роғун тасвиб карда буд.

Ба гуфтаи ин мақоми давлатӣ арзаи авроқи баҳодори Тоҷикистон дар бозорҳои молии байналмилалӣ аз соли 2018 оғоз хоҳад шуд ва фоидаи харидорон байни 7 то 8 дарсад хоҳад буд.

Сохти неругоҳи Роғун аз ҳисоби будҷаи давлати Тоҷикистон идома дорад ва ба ин манзур имсол як миллиарду ва 820 миллион сомонӣ ба иҷрои ин тарҳ ихтисос ёфта аст.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натоиҷи муноқисаи байналмилалии сохти неругоҳи Роғун, такмили сохти онро ба ширкати италияии Salini impregilo  вогузор кард. Ин ширкат мутааҳҳид шуд, ки то поёни соли 2018 ду турбинаи нахусти неругоҳи Роғунро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

 

Барчасп