Таъсиси Комиссияи вижаи мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 31 Jul 2017 05:01:46 GMT )
Июл 31, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Комиссияи вижаи мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барои ташдиди мубориза бо қочоқи инсон дар ин кишвар, Комиссияи вижае таъсис кардааст.

   Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сойти “Caa-Network.org”, ин Комиссияи вижа аз муовинони аввали вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳрдории Душанбе ташкил шудааст.

  Мудирияти Ситоди комиссияи вижаи мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон, ба масъули идораи умури интизомӣ ва амниятии вобаста ба дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

  Ҳарчанд, ки дар Тоҷикистон аз 13 сол қабл раванди мубориза бо қочоқи инсон оғоз шуда, бештари коршиносон мӯътақиданд, ки иқдомоти давлати ин кишвар дар ин замина, чандон муассир набудааст.

 Танҳо дар шаш моҳи нахусти имсол дар додгоҳҳои Тоҷикистон, 5 маврид парвандаи ҷиноятии марбут ба қочоқи инсон баррасӣ шудааст ва муттаҳамон ба 5 то 8 сол зиндон маҳкум шудаанд.

  Бо ин ҳол, Марям Давлатова- ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ки танҳо таъсиси Комиссияи вижаи ҳукуматӣ барои мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон кофӣ нест.

  Вай мӯътақид аст, дар баробари ташдиди иқдомоти қазоӣ алайҳи гурӯҳҳо ва афроди фаъол дар заминаи қочоқи инсон дар Тоҷикистон, бояд мушорикати намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, расонаҳои мустақили хабарӣ ва аҳзоби сиёсии ин кишвар, низ таъмин шавад.

  Манобеи мустақили хабарӣ мегӯянд, ки дар соли 2016 дар Тоҷикистон 18 парвандаи ҷиноятии марбут ба қочоқи инсон дар додгоҳҳои ин кишвар баррасӣ шуд ва 17 нафар ба зиндон маҳкум шуданд.

 Умдаи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба қочоқи инсон дар Тоҷикистон ба фиреби занон ва духтарон аз сӯи қочоқчиёни инсон бармегардад, ки ин афродро ба баҳонаи кор дар хориҷ, дар ихтиёри гурӯҳҳои мафиёӣ ва марокизи фаҳшову фасод қарор медиҳанд.

 Созмони ҷаҳонии муҳоҷират эълом кардааст, ки дар солҳои 2005 то 2016 наздик ба 679 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 347 зан ва духтар 14 то 47 сола, қурбонии гурӯҳҳои қочоқи инсон шудаанд.