Июл 31, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Созмони Шанхай Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ қаламдод кард

Сохтори минтақаии зиддитрористии Созмони Шанхай номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар феҳристи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ сабт кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай бо интишори баёниаяе номи беш аз 100 гурӯҳ ва ташкилотро дар феҳристи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ба сабт расонда, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз он ҷумла аст.

Ин марказ, ки дафтари аслии он дар Тошканд воқеъ шуда, эълом намудааст, ном беш аз се ҳазор нафарро, ки аз сӯи кишварҳои узви Созмони Шанхай ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва ҷудоиталбона ва террористӣ таъқиб мешаванд, ба феҳристи афроди таҳти пайгард ворид кардааст.

Бар асоси ин баёния, ки дар сомонаи расмии ин марказ мунташир шудааст, аз ҷунбишҳо, гурӯҳҳо ва созмонҳое ҳамчун «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизб-ут-тҳрир-ул-исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва «Ансоруллоҳ» ба унвони созмонҳои террористӣ ва ифротӣ ёд шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар феҳристи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ сабт ва фаъолияти онро дар Тоҷикистон мамнуъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон ин ҳизб ва раҳбаронашро ба даст доштан дар ошуби мусаллаҳонаи генерал Абдулҳалим Назарзода муттаҳам мекунанд, аммо намояндагони ин ҳизб ин иттиҳомотро рад кардаанд.

 

 

Барчасп