Интишори аксҳои нав аз Гулмурод Ҳалимов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20878-Интишори_аксҳои_нав_аз_Гулмурод_Ҳалимов
Аксҳои нави полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дуюм ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 01, 2017 09:24 Asia/Dushanbe
  • Интишори аксҳои нав аз Гулмурод Ҳалимов

Аксҳои нави полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дуюм ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд.

Ба иттилои Азия-Плюс, дар ду акси Гулмурод Ҳалимов, духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро Мирова дар канораш нишастааст. Дар ин аксҳо полковники фирорӣ бо мӯйҳои жулидаи хоси ҷангҷӯёни гурӯҳи ДИИШ духтари бузургашро дар бағалаш гирифтааст. Возеҳ нест, ки ин аксҳоро дар куҷо ва кай гирифтаанд.

Хонаводаи Ҳумайро Мирова гуфтаанд, дар як акси дигари Гулмурод Ҳалимов, ки охири соли гузашта нашр шуд, Муҳаммад, писари панҷсолаи ӯро шинохтаанд.

Шоҳназар Миров, бародари Ҳумайро Мирова иброз доштааст, ки аз рӯи аксҳо дигар шубҳае намонд, ки ӯ ба пеши шавҳараш расидааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ Ҳумайро бо наздиконаш тамос надошт.