Август 01, 2017 12:27 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши сармоягузории Русия дар Тоҷикистон

Сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар 3 моҳи нахусти имсол коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сомонаи русии Регнюм дар матлабе таҳти унвони “ Сармоягузорони русӣ аз Тоҷикистон мераванд” бо ишора ба изҳороти раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон навишт: Ҳаҷми кулли сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар 3 моҳи нахусти имсол 20,6 миллион доллар, муодили 15,7 дарсад будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар давраи ҳаммонанди соли гузашта ҳаҷми кулли сармоягузории Русия дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ё 25 дар сад аз кулли сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон буд.

 Сайти русии Регнюм дар идома аз изҳороти чанде пеши Игор Лякин-Фролов-сафири Русия дар Тоҷикистон ёд карда, ки иллати коҳиши сармоягузории Русия дар ин кишварро мушкилоти пеши рӯи сармоягузорони русӣ дар Тоҷикистон донистааст.

Ба гуфтаи сафири Русия дар Душанбе зиёд будани андоз ва тағйироти пайдарпаи қоидаҳои коргузорӣ дар ин кишвар, аз ҷумлаи мушкилоти пеши рӯи сармоягузорони русӣ дар Тоҷикистон аст.