Август 02, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз вазъияти кӯли Сарези Тоҷикистон

Ҳамзамон бо афзоиши бесобиқаи дараҷаи ҳаво дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя, бархе доираҳои минтақаӣ дар бораи осебпазирии эҳтимолии кӯли Сарези Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории фароминтақаии “ОпенАзия”, ҳамакнун дараҷаи ҳаво дар Тоҷикистон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як то ду дараҷа гармтар аст, ки ин вазъ метавонад минтақаҳое чун кӯли Сарезро дучори осеб кунад.

 Гармои ғайримаъмулии ҳаво боиси бештар об шудани пиряхҳои мавҷуд дар кӯҳистонҳои атрофи кӯли Сарез, воридшавии оби изофӣ ба ин кӯл ва афзоиши хатар шудааст.

 Бар асоси ин гузориш, кӯли Сарез бо умқи 500 метр ва дарозии 70 километр дар минтақае бо эҳтимоли хатари заминларзаи 9 дараҷаи рихтерӣ қарор дорад ва баҳрагирӣ аз тадбирҳои эҳтиётӣ барои ҳифзи вазъияти мавҷуди ин кӯл зарурӣ аст.

 Кӯли Сарез соли 1911 ба думболи вуқӯи заминларзаи шадиде дар минтақаҳои кӯҳистонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба вуҷуд омад.

Ин кӯл аз лиҳози ҷаззобияти ҷуғрофиёӣ ва хатарҳои эҳтимолӣ ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи маҳфилҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ қарор доштааст.

Ахиран Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар сафар ба Тоҷикистон аз кӯли Сарез боздид кард.

 

Барчасп