Август 03, 2017 09:09 Asia/Dushanbe
  • Бозкушоии роҳи иртиботии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Марзбонони Қирғизистон дар пайи эътирози шадиди сокинон рустои Овчиқалъачии ноҳия Бобоҷон Ғафуров роҳи иртиботии ин минтақаро бозкушоӣ карданд.

Ба гузориши сайти Ахбор, марзбонони қирғизистонӣ ду рӯз қабл бо эҷоди посгоҳ дар роҳи баромади ин рустои Тоҷикистон ҳаракати васоили нақлия ва сокинонро мутаваққиф карда буданд, ки бо эътирози шадиди мардум, маҷбур ба бозкушоии ин масир шуданд.

Бо иқдоми марзбонони қирғизистонӣ дар бастани ин роҳи иртиботӣ, сокинони рустои Овчиқалъачӣ аз рафтан ба сӯи заминҳои кишоварзиашон, ки иддао мешавад, дар минтақаи мавриди ихтилофи ин кишвар бо Тоҷикистон воқеъ шуда аст, маҳрум мешуданд.

Дар пайи музокироти мақомоти марзбонии тоҷик ва қирғиз ихтилофи сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари ин роҳи иртиботӣ ба комиссияи байнидавлатии аломатгузории марзи муштараки ин ду ҷумҳурӣ вогузор шуд.

Бо гузашти 26 сол аз музокироти мақомоти Душанбе ва Бишкек раванди аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол ба поён нарасида ва аз 970 километр марзи муштараки миёни ду кишвар то имрӯз танҳо бар сари аломатгузории ҳудуди 520 километр тавофуқ шуда аст.