Иқтисоддонон: Решаи буҳрони иқтисоди Тоҷикистон дохилӣ аст
Иқтисоддонони тоҷик мӯътақиданд, ки решаи буҳрони молӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон танҳо авомили хориҷӣ нест.
Ба гузориши сайти Top.tj, Шӯҳрат Мирзоев иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки баҳонаи масъулони ҳукуматӣ барои иртибот додани буҳрони молӣ ва иқтисодии феълӣ дар Тоҷикистон ба авомили хориҷӣ дуруст нест.
Вай афзуд: Буҳрони бонкҳои Тоҷикистон ношӣ аз набуди мудирияти коромад, надоштанӣ сиёсати баландмуддати пулӣ ва молӣ ва назорат надоштани Бонки Миллии ин кишвар бар фаъолияти бонкҳои тиҷорӣ аст.
Шӯҳрат Мирзоев гуфт: Ҳатто бастани беш аз ҳазор саррофӣ ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ, таъсиргузор воқеъ нашуда ва агар дар замони бастани саррофиҳо як доллар дар баробари 7 сомониву 20 дирам муомила мешуд, акнун ин шохис ба 8 сомониву 80 дирам расида аст.
Ҳамчунин Шамсиддин Ҷалолов коршиноси пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти Тоҷикистон вобаста ба Фарҳангистони улуми ин кишвар мӯътақид аст, ки сиёсати молӣ ва пулии ҳукумати ин ҷумҳурӣ дар даврони буҳрони иқтисодӣ муваффақиятомез набудааст ва танҳо иддае бо истифода аз ин шароит, бозори муомилоти арзи ин кишварро дар ихтиёр гирифтанд.
Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон идомаи буҳрони молӣ дар Русия ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишварро омили аслии нобсомониҳои иқтисодии се соли ахир медонанд.