Юсуф Раҳмон: Террористон афв нахоҳанд шуд
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, афроде ки ба гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротгаро дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуф Раҳмон рӯзи 3-юми август дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кард, шаҳрвандоне, ки дидаву дониста ба сафи гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, дар набардҳои мусалаҳона дар кишварҳои хориҷӣ ширкат кардаанд, тибқи қонун ҷазо хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон Юсуф Раҳмон афзуд, ки дар ин замина танҳо нисбат ба занону кӯдакон ҳолатҳои истисноӣ пешбинӣ шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки террористон афв нахоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, беш аз 70 тан шаҳрванди ин кишвар, ки ихтиёран аз Сурия ба ватан баргаштанд, афв шуданд.
Тибқи омори ғайрирасмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, ки гуфта мешавад то кунун наздики 300 тани онҳо кушта шудаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ инчунин хабарҳо дар бораи фишор болои хонаводаи мухолифин, аз ҷумла аъзои Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи - 24”-ро рад кард. Юсуф Раҳмон дар ин замина гуфт, ки аъзои хонаводаи мухолифин дар робита ба парвандаи наздиконашон бозпурсӣ шуда, аммо ҳеҷ вақт таҳти фишор набудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он мамнуъ шуд.
Дар баробари ин, фаъолияти созмони “Гурӯҳи - 24” низ ба унвони ҳаракати ифротгаро дар қаламрави Тоҷикистон расман манъ шудааст.