Август 05, 2017 08:51 Asia/Dushanbe
  • Маоши миёнаи кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон 114 доллар аст

Раиси Ожонси хадамоти давлатии Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар маоши моҳонаи кормандонро ба ҳисоби миёна 114 доллар (1008 сомонӣ) эълом кардааст.

Ба гузориши сайти “СА-нюз”, Ҷумъа Давлатзода дар нишасти хабарии ахири масъулони ин ниҳод дар Душанбе гуфтааст, ки маоши моҳонаи кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон бар асоси тавоноиҳову имконоти буҷетии ҳукумат таъйин мешавад.

Вай таъкид кардааст, ки дар бархе идороти давлатӣ сақфи маоши моҳонаи кормандон 167 доллар, муодили ҳазору 479 сомонӣ ва дар бархе аз созмонҳои давлатӣ 100 доллар, муодили 880 сомонӣ аст.

 Ба гуфтаи раиси Ожонси хадамоти давлатии Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар ҳамасола бар асоси шохисҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ маоши кормандонро афзоиш медиҳад.

 

Барчасп