Истифода аз ҷаримаи молӣ барои бонувони боҳиҷоб дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21106-Истифода_аз_ҷаримаи_молӣ_барои_бонувони_боҳиҷоб_дар_Душанбе
Гурӯҳҳои вижаи муқобила бо ҳиҷоби исломӣ дар шаҳри Душанбе бонувони боҳиҷобро ба ҷаримаи сангини молӣ таҳдид кардаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 05, 2017 09:20 Asia/Dushanbe
  • Истифода аз ҷаримаи молӣ барои бонувони боҳиҷоб дар Душанбе

Гурӯҳҳои вижаи муқобила бо ҳиҷоби исломӣ дар шаҳри Душанбе бонувони боҳиҷобро ба ҷаримаи сангини молӣ таҳдид кардаанд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, ин коргурӯҳҳо шомили кормандони полис, маориф, шӯроҳои маҳалла, тандурустӣ, созмони ҷавонон, идороти танзими ҷашну маросим ва кор бо занон ва оила дар марказҳои умумӣ, тиҷорӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз бонувони дорои пӯшиши исломӣ мехоҳанд, ки ҳиҷоби худро бардоранд.

Яке аз ин коргурӯҳҳо ахиран дар бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе бонувони боҳиҷобро таҳдид кардааст, ки дар сурати барандоштани ҳиҷоби худ бояд 1000 сомонӣ ҷарима бипардозад.

Ҳарчанд масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пеш аз ин гуфтаанд, ки танҳо аз равишҳои таблиғӣ бонувони тоҷикро ба истифода аз либосҳои миллӣ тарғиб кунанд, аммо ба назар мерасад, ки акнун равишҳои иҷбори ситез бо ҳиҷоби исломӣ дар дастури кори ниҳодҳои ҳукуматӣ дар ин кишвар қарор гирифтааст.

 Дар Тоҷикистон дар се соли ахир ба баҳонаи муқобила бо пӯшиши бегона иқдомоти шадиде алайҳи пӯшиши исломии бонувони мусалмони ин кишвар иҷро ва аз ҳузури бонувони боҳиҷоб дар идорот ва созмонҳои давлатӣ, марказҳои омӯзишӣ ва дармонӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ ҷилавгирӣ мешавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон либосҳои даврони Шӯравиро ба унвони “фарҳанги миллии тоҷикон” матраҳ мекунанд, ки бо чорчӯби пӯшиш дар Ислом таноқуз (зиддият) дорад.