Дастури ҳукумати Тоҷикистон барои таҳқиқи натоиҷи муофияти молиётии ширкатҳо ва корхонаҳо
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар дастур додааст, ки дар бораи таъсири муофияти молиётӣ ва гумрукӣ бар фаъолияти теъдоде аз ширкатҳо ва корхонаҳои санъатии ин кишвар, таҳқиқ ва натоиҷро ба давлат гузориш кунад.
Ба гузориши сойти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин дастур таъкид шудааст, ки Комиссияи вежае шомили кормандони ниҳодҳои иқтисодии ҳукумат бояд таъсири муофияти молиётӣ ва пардохтҳои гумрукӣ бар фаъолияти теъдоде аз ширкатҳо ва корхонаҳои санъатии ин кишварро таҳқиқ ва натоиҷро то поёни соли ҷории милодӣ эълом кунад.
Тайи 5 соли ахир ҳукумати Тоҷикистон ба чанд ширкати мурғдорӣ, корхонаи муштараки металлургии ин кишвар бо Чин, корхонаҳои тавлиди семент ва ширкати ҳамлу нақли “Тоҷирон” имтиёзоте дар мавриди ворид кардани таҷҳизот бидуни аворизи гумрукӣ ва муофият аз пардохти молиёт эъто карда буд. Ҳарчанд, ки коршиносон мӯътақиданд, танҳо афрод ва гурӯҳҳои наздик ба баданаи ҳукумати Тоҷикистон метавонанд аз чунин имтиёзоте бархӯрдор шаванд. Иқтисоддонони тоҷик, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва сафири Русия дар Душанбе ба ин мавзӯъ ишора мекунанд, ки дар Тоҷикистон дар аксари маворид танҳо ширкатҳои чинӣ аз чунин тасҳилот бархӯрдор мешаванд ва афзоиши мизони молиёт мӯҷиби қатъи фаъолияти ширкатҳои дигар кишварҳо мегардад.
Дар ин замина метавон ба қатъи фаъолияти намояндагии ширкати “Газпром”-и Русия ва ширкати хадамоти телефони ҳамроҳ “Tcell” ишора кард, ки ба далели сангинии молиёт идомаи кор дар ин кишварро ғайр мумкин хондаанд.