Маҳкумияти 3 низомӣ ба зиндон дар шимоли Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21166-Маҳкумияти_3_низомӣ_ба_зиндон_дар_шимоли_Тоҷикистон
3 сержанти хурди артиши Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми лату куби ҳамқаторони хеш ба зиндон маҳкум шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 06, 2017 09:43 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти 3 низомӣ ба зиндон дар шимоли Тоҷикистон

3 сержанти хурди артиши Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми лату куби ҳамқаторони хеш ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба гузориши сойти Спутник, Абдураҳим Бекзода, раиси Суди низомии шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки Бобур Бозоров, сержанти хурди қисми низомии Вазорати мудофиа дар шаҳри Панҷакент ба иттиҳоми лату куби як сарбоз, ки мӯҷиби худкушии вай шудааст, ба 9 сол зиндон бо низоми сахт гардид. Вай таъкид кардааст, ки ҳамқаторони Юсуфҷон Шарифов, сарбози мақтул дар додгоҳ шаҳодат додаанд, ки Бобур Бозоров, аксари сарбозонро мавриди лату куб ва бадрафторӣ қарор медод, ки ин мавзӯъ мӯҷиби худкушии ин сарбоз шудааст.

Ҳамчунин бар асоси ҳукми додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд, ду сержанти  хурди қисми низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мустақар дар минтақаи Чоруқ Дарон ба иттиҳоми лату куби сарбозони ҳамқатори хеш ба 2 ва 3 сол зиндон маҳкум шудаанд. Ба гуфтаи раиси додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ бар асоси шикояти сарбозон, 5 парвандаи ҷиноятӣ ба иттиҳоми лату куб дар қисмҳои низомии мустақар дар қаламрави вилояти Суғд ташкил шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва муқобила бо шиканҷа, ки як созмони ғайри давлатӣ дар Тоҷикистон аст, аз мавриди лату куб ва хушунат қарор гирифтани 59 сарбоз дар артиши ин кишвар, тайи 3 соли ахир хабар додааст. Ба гузориши ин созмон бар асари ин ҳаводис 11 сарбоз ҷони худро аз даст додаанд.

Коршиносон вуҷуди бадрафторӣ, хушунат ва набуди фазои ахлоқи солим дар артиши Тоҷикистонро, омили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар унвон мекунанд.