Омодагии Тоҷикистон ба баргузории ҳамоиши кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ
(last modified Tue, 08 Aug 2017 14:04:23 GMT )
Август 08, 2017 19:04 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон ба баргузории ҳамоиши кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон барои баргузории дуввумин ҳамоиши ҳамокрии кишварҳои арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон омодагӣ мебинад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ахиран, Хусрав Нозирӣ, сафири ин кишвар дар Миср бо Аҳмад Абулғайт, дабири кулли Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ дар шаҳри Қоҳира дидору мулоқот кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин дидор масъалаҳои марбут ба иҷлоси дувуми ҳамоиши иқтисодӣ ва ҳамкории кишварҳои арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки интизор аст, моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, баррасӣ шуданд. Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки тасмими Ҳукумати Тоҷикистон бораи мизбонии нишасти навбатии ҳамоиши  мазкур  баёнгари эҳтимоми фазояндаи ин кишвар ба густариши бештари муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ аст. Дар баробари ин дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ширктаи хешро  дар ҳамоиши мазкур дар шаҳри  Душанбе таъйид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳамоиши ҳамкории кишварҳои арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон моҳи майи соли 2014  дар шаҳри Риёз баргузор шуда буд, ки дар он Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ширкат дошт. Дар ҳамоиши мазкур, ки таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ” баргузор шуда буд, вазирони умури хориҷӣ,  иқтисод ва  дории 21 кишвари арабӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ҳузур доштанд. Дар ҳамоиши нахустин масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, мусоидат барои тавсеаи равобит миёни кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон матраҳ шуда буд. Он замон дар поёни ҳамоиши нахустин Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкорӣ миёни Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба имзо расид.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди сипарӣ шудани беш аз се сол аз баргузории нахустин ҳамоиши ҳамкории кишварҳои арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон равобити иқтисодию тиҷорӣ ва сармоягузорӣ миёни ҷонибҳо рушди назаррасе пайдо накардааст. Саъдии Юсуфӣ таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, ки аз як сӯ то кунун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шароити мусоид барои ҷалби самроягузориҳои  хориҷӣ  фароҳам нашудааст, то тавонад сармояи кишварҳои арабиро ҷалб кунад, аз сӯйи дигар кишвраҳои Осиёи Марказӣ дар маҳдудаи нуфузи Русия ва Чин қарор доранд,  дар ҳоле ки кишварҳои арабӣ умдатан таҳти нуфузи Амрико  ҳастанд. 

Саъдии  Юсуфӣ таъкид мекунад, ки  дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон зарфиятҳои фаровони сармоягузорӣ дар арсаҳои нафту  газ,  маодин, кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ вуҷуд дорад. Ин таҳлилгари тоҷик меафзояд, бо назардошти ин зарфиятҳои бузург  зурур аст, ки дар амри муаррифии фурсатҳои сармоягузорӣ дар ин кишварҳои иқдомоти  муассире рӯйи даст даст гирифта шавад. 

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир аз миёни кишварҳои арабӣ танҳо Қатар аст, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ  кардааст. Ширкати “Қатарӣ диёр” дар чаҳорчӯби тарҳи мавсум ба  “Диёри Душанбе” дар майдони  наздик ба ҳафт гектар дар  наздикии “Кӯли ҷавонон”,  дар маркази пойтахти Тоҷикистон 5 бинои баландошёнаи мусоир бунёд кардааст.  Ҳазинаи  умумии тарҳи “Диёри Душанбе” ҳудуди 300 миллион долларро ташкил медиҳад ва он нахустин ва бузургтарин тарҳи сохтмонии кишварҳои арабӣ дар Тоҷикистон аст.

Бояд гуфт,  Ҳукумати Тоҷикистон  ширкати “Қатарӣ диёр”-ро  аз боҷи гумрукию бештари андозҳо озод кард, то сармоягузоронии хориҷӣ ҳавасманд шуда, сармояи хешро ба Тоҷикистон ворид кунад. Ҳамчунин бо самроягузории 70-миллиондолларии Ҳукумати Қатар дар маркази шаҳри Душанбе сохтмони бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон идома дорад.