Август 10, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон барои густариши ҳамкории гумрукӣ бо Эрон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати хориҷа ва сардори Хадамоти гумруки ин кишвар дастур додааст, ки «Ёддошти тафоҳум барои амалӣ намудани Созишномаи дутарафа дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оиди иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ”-ро иҷроӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон” мавзӯи густариши ҳамкориҳои гумрукӣ бо Эрон, 28 июл аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

Бар асоси тасмими давлати ин кишвар, Абдулфаттоҳ Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки барои иҷрои тавофуқномаи дуҷониба дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои гумрукии Теҳрон – Душанбе, “Ёддошти тафоҳум ҳамкорӣ”-ро ба имзо расонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин вазорати умури хориҷаи кишварашро муваззаф кардааст, ки замон ва макони имзои ин санад бо Эронро мушаххас ва онро амалӣ кунад.