Нигаронии "Хабарнигорони бидуни марз" аз вазъи ҷисмонии Сайфуллоҳзода
(last modified 2016-08-13T04:25:02+00:00 )
Август 13, 2016 09:25 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" аз вахомати ҳоли Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири 66-солаи нашрияи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, ибрози нигаронӣ кард.

Дар торнамои Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" гуфта мешавад, ин созмон бо интишори баёнияе аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хостааст, хадамоти дармониро дар ихтиёри Сайфуллоҳзода қарор диҳанд. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки дар зиндон Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода таҳти фишорҳои шадиди рӯҳӣ, аз ҷумла мамониат аз хоб, қарор дорад ва аз дарди қалбу пой ранҷ мебарад.

Бар асоси ахбори дарёфтӣ аз наздикони Сайфуллоҳзода, ӯ ба далели бетаваҷҷуҳии мақомоти зиндон нисбат ба вазъи саломатияш иқдом ба гуруснанишинӣ кардааст.

Йоҳанн Бир, мудири идораи Урупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" аз маҷомеи байналмилалӣ дархост кардааст, ки фишор ба Ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳадафи фароҳамсозии хадамоти дармонӣ барои Ҳикматуллоҳ Сайфаллоҳзода  афзоиш диҳанд. Ӯ ҳамчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки фишор бар рӯзноманигорон ва расонаҳои хабариро дар ин кишвар поён диҳанд.

Ҳиматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мавсум ба "Наҷот" дар моҳи сентябри соли 2015 ба иттиҳоми даст доштан дар шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои ин кишвар ҳамроҳи 12 узви Раёсати Олии ин ҳизб боздошт шуд. Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон масъулину аъзои Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро ба даст доштан дар шӯриши Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли гузашта, мушорикат дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ, барангехтани ихтилофоти қавмӣ, даъват барои барандозии низоми сиёсию дарёфти пул аз хориҷ муттаҳам ва дар моҳи май ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум карданд, аммо масъулини боздоштшудаи ин ҳизб бо беасос хондани иттиҳомот иртиботи хешро бо ин ҳаводис рад кардаанд.