Бонки рушди Осиё: Қатъи кӯмаки молӣ ба Тоҷикистон дуруст нест
Дафтар намояндагии Бонки рушди Осиё дар Душанбе хабари қатъи кӯмакҳои молии ин ниҳод ба Тоҷикистонро такзиб кардааст.
Ба гузориши сомонаи Бонки рушди Осиё, хонум Татяна Евстифеева, мудири дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Душанбе бо радди хабари Бонки Ҷаҳонӣ, бино бар қатъи кӯмакҳои молии ин ниҳод ба ҳукумати Душанбе гуфтааст, ки шояд мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин маврид иттилои дақиқ надоштаанд.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар чорчӯби барномаи ироаи кӯмакҳои молии Бонки рушди Осиё барои ҳимоят аз барномаи ислоҳи фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин кишвар 50 миллион доллар эъто кардааст. Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише муддаӣ шуда буд, ки ба далели амалӣ нашудани шартҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои ислоҳоти иқтисодӣ ва молӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз Бонки рушди Осиё, дигар ҳеҷ бонки байналмилалӣ ва минтақаӣ ба ин кишвар дар соли ҷорӣ кӯмаки молӣ накардааст.
Бо ин ҳол Баҳриддин Каримов иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки ҳеҷ ниҳоди молии байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла Бонки рушди Осиё бидуни пешшарт ба Тоҷикистон кӯмак намекунад. Зеро шарти ихтисоси кӯмаки молии ин ниҳодҳо ба Тоҷикистон нахуст ислоҳот ва баъдан пул мебошад. Ҳамчунин коҳиши молиёти сангин, эътои тасҳилот ба бахши хусусӣ, коҳиши теъдоди созмонҳои таҳқиқ ва тафаҳҳускунанда, фаъолият марокизи тавлидӣ ва тиҷорӣ, роҳандозии барномаи интернетии дарёфти молиёт ва ироаи кӯмакҳои молӣ ба занони фаъол дар бахши санъат, аз дигар шартҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои Тоҷикистон аст.