Афзоиши тавони таслиҳотии қочоқчиёни афғон дар марзи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21616-Афзоиши_тавони_таслиҳотии_қочоқчиёни_афғон_дар_марзи_Тоҷикистон
Коршиноси тоҷики Маркази пажӯҳишии “Лев Гумилёв”-и Русия, муътақид аст, ки ахиран тавони таслиҳотии қочоқчиёни маводи мухаддири афғонистонӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 14, 2017 10:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавони таслиҳотии қочоқчиёни афғон дар марзи Тоҷикистон

Коршиноси тоҷики Маркази пажӯҳишии “Лев Гумилёв”-и Русия, муътақид аст, ки ахиран тавони таслиҳотии қочоқчиёни маводи мухаддири афғонистонӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

   Ба гузориши сомонаи “Gumilev-Center”, Илҳом Назриев гуфтааст, ки баррасии таҳаввулоти ахир дар марз муштарак Тоҷикистон ва Афғонистон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои қочоқчи мавод мухаддир дар Афғонистон талош мекунанд масирҳои ҷадид интиқол маводро бо истифода аз таслиҳот низоми таъйин намоянд.

  Вай таъкид кардааст, ки қаблан дар манотиқи марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир саъй мекарданд, анвои маводро ба дохили Тоҷикистон бидуни истифода аз аслиҳа барои шарикони тоҷики хеш интиқол диҳанд, аммо ахиран бархӯрдҳо ва даргириҳои мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистон ва гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир аз Афғонистон афзоиш ёфтааст.

  Дар шаш моҳи нахусти имсол дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон 10 мавриди даргирии мусаллаҳона миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни маводи мухаддир сабт шудааст.

  Аз дидгоҳи Назриев, набуди назорати ҷиддии нируҳои афғонистонӣ бар манотиқи шимолии ин кишвар дар наздикии марзҳои Тоҷикистон, мӯҷиби афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ва қочоқчии маводи мухаддир мешавад.

 Ба гуфтаи ин коршинос, давлати марказии Кобул танҳо бар марокизи вилоятҳо ва фармондориҳои ин кишвар мусаллат аст ва дар аксари манотиқи рустоии Афғонистон, гурӯҳҳои террористӣ бо боҷ гирифтан аз мардум ва қочоқи маводи мухаддир имконоти молии худро тақвият мекунанд.  

 Илҳом Назриев ҳамчунин ихтилол дар интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва монеатарошии Толибон ва ДИИШ дар роҳҳои транзитӣ миёни ин ду кишварро яке аз далелҳои коҳиши мизони тиҷорат миёни ин ду кишвар дар соли 2017 донистааст.