Таъкиди Тоҷикистон ва Узбакистон бар муқобила терроризм
(last modified 2017-08-14T11:21:58+00:00 )
Август 14, 2017 16:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Узбакистон бар муқобила терроризм

Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Абдураҳмон Аламшозода бо Абдусалом Азизов дидор намуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор, ки дар шаҳри Тошканди Узбакистон сурат гирифт, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо вазири корҳои дохилии Узбакистон Абдусалом Азизов мулоқот намуд.

Дар ҷарёни ин мулоқот, ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишофи ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Узбакистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.

Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷруба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкории дуҷониба як зумра таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.

 

Барчасп