Август 15, 2017 10:09 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон чаҳорумин кишвари дорои низоми раводиди осон дар ҷаҳон

Маҷаллаи бритониёии "Wanderlust" Тоҷикистонро дар радаи чаҳоруми кишварҳои дорои низоми раводиди осон ҷой додааст.

Ба иттилои Спутник, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон чаҳорумин кишваре дониста шуда, ки дорои низоми соддаи дарёфти раводид ҳастанд.

Ба гузориши "Wanderlust", Тоҷикистон соли гузашта равиши электронии дарёфти раводидро роҳандозӣ кард ва феълан барои дарёфти раводиди сафар кофист нусхаи  гузарнома пешниҳод гардад.

"Wanderlust" муҳлати дастрас кардани раводиди Тоҷикистонро 1 то 3 рӯз гуфтааст.

Дар ин гузориш омадааст: "Танҳо лозим аст, ки раводидро чоп намоед ва ҳангоми сафар бо худ бигиред".

"Wanderlust" ба феҳристи панҷгона—Озарбойҷон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Тоҷикистон ва Виетнамро ворид кардааст.

Дарёфти раводид барои сафар ба Озарбойҷон осонтарин дар ҷаҳон дониста шуд.

 

Барчасп