Ташдиди дубораи муқобила бо ҳиҷоб дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21790-Ташдиди_дубораи_муқобила_бо_ҳиҷоб_дар_Тоҷикистон
Мақомҳои давлати Душанбе ба манзури таҳаққуқи кашфи ҳиҷоб, ба тавҷеҳоти ғайриусулӣ рӯй овардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2017 06:50 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди дубораи муқобила бо ҳиҷоб дар Тоҷикистон

Мақомҳои давлати Душанбе ба манзури таҳаққуқи кашфи ҳиҷоб, ба тавҷеҳоти ғайриусулӣ рӯй овардаанд.

Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон иддао кард, ҳиҷоби бонувон, либоси миллии тоҷикон ва бахше аз фарҳанги ин кишвар нест. Вай бо интишори мақолае муддаӣ шуд, бонувони тоҷик бидуни доштани иттилоъ аз фарҳанги миллии худ, ҳиҷоб мепушанд, ки ин мавзуъ нишонаи бегонапарастӣ ва ноогоҳии онон аз фарҳанги миллии хеш аст .

Ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Душанбе ҳамаи талоши худро ба кор гирифтаанд, то пушишҳои даврони низоми султаи коммунистии Шӯравиро ба унвони фарҳанги миллии Тоҷикистон ба мардуми мусулмони ин кишвар таҳмил кунанд. Ин дар ҳолест, ки пушишҳои мавриди назари мақомҳои Душанбе бо чорчубҳои динӣ ва ҳиҷоби мавриди назари дини мубини ислом мунофот дорад.

Ба ҳамин далел, мардуми Тоҷикистон ба иҷрои хостаҳои давлати Душанбе тамоюли зиёде аз худ нишон намедиҳанд. Мақомҳои Душанбе бар зарурати ҳифзи либоси миллӣ, ки ҳамон либоси даврони Шӯравӣ аст, таъкид мекунанд, ки ҳеч шабоҳате ба ҳиҷоби исломӣ надорад ва он қисмат аз андоми бонувонро, ки шариат пушиши онро дар анзори умумӣ воҷиб кардааст, шомил намешавад.

Воқеият он аст, ки тоҷикҳо низ монанди дигар ақвоми эронӣ аз фарҳанги муштараке бархурдоранд. Дар фарҳанги Эронзамин, ҳиҷобу пӯшиши бонувон комил буда ва аз пеш аз зуҳури дини мубини ислом дар тамомии сарзаминҳои эронӣ роиҷ будааст. Дар ҳақиқат, пушиши ҳиҷобе, ки бонувони тоҷикистонӣ бар истифода аз он исрор доранд, падидаи навзуҳуре нест ва қидмати он ба пеш аз зуҳури ислом боз мегардад. Дар муқобил, он чики мақомҳои давлати Душанбе бар анҷоми он исрор доранд, пушиши ношӣ аз омӯзиши низоми мутамаркази тасмимгирӣ ва илҳодии коммунистӣ ва давлатҳои вобаста ба блоки шарқи собиқ буд, ки қидмати чандоне надорад ва ба пеш аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ боз мегардад.

Нуктаи қобили тааммул дар ин замина, ин воқеият аст, ки мақомҳои давлати Душанбе ба ҷои талош барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва маишатии мардуми мусулмони Тоҷикистон, мудом бар муқобила бо ҳиҷоби бонувон таъкид мекунанд ва ба ҷои поён додан ба мушкилоти иқтисодӣ ва маишатии мардум, нигарони рушду густариши исломгароӣ дар Тоҷикистон ҳастанд .

Дар як ҷамъбандии куллӣ бояд гуфт, давлати Душанбе ба ҷои ҳалли мушкилоти асосии мардум, талош мекунад, таваҷҷуҳи афкори умумии Тоҷикистонро ба самти масоили ҳошияӣ назири ҳиҷоб маътуф намояд. Ин дар ҳолест, ки афзоиши фақр бо афзоиши ҷурму ҷиноят, робитаи мустақим дорад. Дар ҳоле, ки агар мақомҳои давлати Душанбе монеи ришва, ихтилос ва фасоди давлатӣ шаванд, бисёре аз мушкилоти ҷории ҷамъияти 8 миллион нафарии Тоҷикистон бартараф хоҳад шуд .