Август 19, 2017 09:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фишори ниҳодҳои амниятии Русия бар коргарони муҳоҷири тоҷик

Хадамоти амнияти федералии Русия фишор бар коргарони муҳоҷири Тоҷикистониро барои касби иттило аз ҳамватанони ин афрод ва иртиботи эҳтимолии онон бо гурӯҳҳои ифротӣ ташдид кардааст.

Ин фишорҳо пас аз он афзоиш ёфтааст, ки дар рӯзи 14 август 4 узви гурӯҳи террористи ДИИШ дар Москва боздошт шуданд, ки 3 нафари онон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ба гузориши сайти CA-News, теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ гуфтаанд, кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия барои иттило аз таҳаррукоти машкуки ҳамватанони онон ба ин афрод қавли пардохти пул додаанд.

Гуфта мешавад, неруҳои амниятии Русия ин афродро таҳдид кардаанд, ки дар сурати ҳамкорӣ накардан бо ин ниҳод, бо дарди сарҳое ҳамчун ихроҷ аз қаламрави ин кишвар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Каримҷон Ёров - раиси як созмони мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия гуфтааст: Дар рӯзҳои ахир дар пайи таҳдиди кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия 8 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин созмон муроҷиат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Сергей Гончаров - раиси шӯрои бознишастагони созмони зиддитеррористии "Алфа " ва узви шӯрои мушовирон Хадамоти амнияти федералии Русия бо таъйиди ин хабарҳо мӯътақид аст, ки неруҳои амниятии Русия муваззафанд барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти эҳтимолии террористӣ иттилоотеро аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ касб кунанд.

Ҳамчунин Музаффар Олимов - мудири маркази пажӯҳишии "Шарқ" дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асос назарсанҷиҳо бештари коргарони муҳоҷир, ки ба гурӯҳҳои тундрав дар Русия пайвастаанд, таҳти фишори ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ва ё тавҳин ва луту куби гурӯҳҳои миллигарои ифротии ин кишвар қарор гирифтаанд.

 

Барчасп