Ирсоли парвандаи панҷ тоҷик ба додгоҳ ба иттиҳоми даргирӣ дар гӯристони Хованское
Парвандаи ҷиноии панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии хунин моҳи майи соли 2016 дар гӯристони Хованскоеи шаҳри Маскав ба додгоҳ ирсол шудааст.
Ба гузориши сойти вазорати кишвари Русия, иттиҳоми ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистон мушорикат дар ин даргирӣ эълом шудааст, ки ба кушта шудани се коргари тоҷик ва захмӣ шудани 30 тан мунҷар шуд.
Раёсати таҳқиқ ва бозрасии идораи пулиси шаҳри Маскав бо эъломи поёни баррасии моҷарои даргирии хунини моҳи майи соли 2016 дар гӯристон Хованское дар пойтахти Русия, ки бо мушорикати беш аз 300 нафар анҷом шуд, гуфтааст, ки як тарафи ин моҷаро коргарони тоҷик дар ин макон буданд ва иллати ин ҳодиса, талоши гурӯҳҳои мофиёӣ барои ихроҷи тоҷикон аз ин гӯристон будааст.
Қаблан парвандаи ҷиноӣ алайҳи 16 нафар аз афроди гумонбар дар ин даргириҳо шомили Юрий Чабуев, мудири вақти гӯристони Хованское ба додгоҳ ирсол шуда буд.
Ба гуфтаи мақомоти пулиси Маскав, Чабуев бо ҳадафи ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин макон бо кумаки гурӯҳҳои мофиёии қафқозитабор, ин даргирии хунинро тарроҳӣ ва иҷро кардааст.
Наздикони ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба муҳокимаи одилонаи онҳо дар додгоҳи Маскав эътимод надоранд.
Раёсати таҳқиқ ва бозрасии идораи пулиси шаҳри Маскав ҳангоми такмили парвандаи онон, ҳеҷ далел ва мадраки ироа шуда аз сӯи вакилони мудофеъро дар мавриди оғозгарони ин моҷаро ва дифои тоҷикон аз худ, дар назар нагирифтааст.