Август 21, 2017 08:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз мардум

Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз мардум ва созмонҳои иҷтимоии ин кишвар дархост кардааст, ки шикояти худро аз ришвахории кормандони 10 вазоратхона ва кумитаҳои давлатӣ, ба он ниҳод ирсол кунанд.

Ба нақл аз сайти Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, ин ниҳод қасд дорад, ки ба зудӣ ба таҳқиқу тафаҳҳус аз фаъолияти молӣ дар вазоратхонаҳои молия, маориф ва илм, тандурустӣ ва умури иҷтимоӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ, занон ва умури хонавода, ҷавонону варзиш ва низ радио ва телевизион бипардозад ва дар ин замина ба кумаки мардум ва созмонҳои иҷтимоӣ ниёз хоҳад дошт .

Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдомро ҷилавгирӣ аз фасоду ришвахорӣ дар ин созмонҳо эълом кардааст .

Аз мардум ва созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон хоста шудааст, ки бо муроҷиа ба сайти расмӣ ва тамос бо шумораи телефонҳои кормандони масъули Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, шикояти худро дар мавриди мушоҳидаи ҳар навъ фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар ин 10 вазоратхона ва кумитаи давлатӣ матраҳ кунанд .

Ин дархост дар паи таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати афзоиши талошҳои Агентии давлатии мубориза бо фасоди молӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷурму ҷиноёти марбут ба ришвахорӣ дар ин кишвар матраҳ шудааст .

Аз сӯи дигар, имсол 10 корманди масъули Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва, ҷаъли аснод ва сӯиистифода аз симмати хеш боздошт шудаанд .

Тоҷикистон бар асоси гузориши Созмони шафофияти байналмилалӣ (Транспаренси Интернешнл) аз нигоҳи вуҷуди ришвахорӣ, дар охирин радабандии ҷаҳонӣ дар радифи 152 қарор гирифтааст, ки ишора ба фарогир шудани ин падида дар ин ҷумҳурӣ дорад .