Дархости 5 то 8 сол зиндон барои рӯҳонии боздоштшудаи тоҷик
(last modified Tue, 22 Aug 2017 04:49:36 GMT )
Август 22, 2017 09:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости 5 то 8 сол зиндон барои рӯҳонии боздоштшудаи тоҷик

Ба гуфтаи наздикони Домулло Нӯъмонхони Истравшанӣ, дар ибтидо барои ӯ мувофиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, аз 5 то 8 сол ҳукми зиндон таъйин кардаанд, вале ин ҳукм ба 3 сол коҳиш дода шуд. Аммо, бар асоси гуфтаи бастагон, иттиҳомашон ҳанӯз маълум нест.

Ба иттилои Вароруд, “Чор сол пеш, вақте аз ҷониби кормандони КДАМ варақаҳоро ба масоҷиди шаҳр тақсим мекарданд, Домулло Нӯъмонхон дар масҷид онҳоро байни мардум қироат намекарданд. Навиштаҷотҳо таърифу тасаннои сиёсати пешво, бадном кардани уламои машҳури исломӣ ва танқиди ҲНИТ буданд. Вақте ба КДАМ даъват намуданд, Домулло Нӯъмонхон дар шарҳи худдории худ аз қироати варақаҳо гуфтаанд: “Масҷид ҷоест, ки фақат санои Худованд ва шарҳи масоили шариатӣ ба мардум расонида мешавад.”

Вароруд менависад: Баъди ин "худдорӣ" Домулло Нӯъмонхон аз вазифаи имомхатибии масҷиди ҷомеъи ба номи Муҳаммад Иқбол барканор шуданд. "Ҷумъаи гузашта масҷиди номбурда хеле камодам шуд. Домуллои нав оварданд. Хеле тавсифномаи ҳукумат ва қонунҳои нави танзими ойинҳоро қироат намуд. Нафаре аз ҳозирин бархосту бо шиддат ва овози баланд хитоб кард: Чаро рӯймоли занҳоро дар коргоҳу беморхонаву бозорҳо зӯран бадар карда истодаанд? Чаро дар ин бора чизе намегӯед? Домуллои нав каме доступо хӯрд ва гуфт: Навиштаҷотро аз боло оварданд"

Талаботи моддаи 307  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарҳи зайл аст:

1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 8 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Ёдовар мешавем,  дар торихи 7 август, баъди намози зуҳр (пешин), шуморе аз кормандони Кумитаи амнияти вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд ба Истаравшан омаданд.

Онҳо аз масҷиди чомеъи Муҳаммад Иқбол, Домулло Нӯъмонхон (хатиби собиқи ин масҷид)-ро ба бастани дастбанд ба дастонашон боздошт ва бо худ бурданд.

 

Барчасп